Бо қарори Шӯрои аккредитатсионии Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 28 феврали соли 2020 ду барномаи таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалии аккредитатсияи барномавӣ гардиданд. Дастоварди дигар таъмин гардидани донишгоҳ бо низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии таълимию методӣ мебошад, ки ба 60 адад расидааст, — гуфт ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода, дар нишасти матбуотие, ки 5 феврали соли 2021 баргузор шуд.
Қайд гардид, ки дар ин давра «Стратегияи рушди ДТТ то соли 2030», «Сиёсати сифати маълумот», «Низоми дохилии баҳодиҳии сифати маълумот дар ДТТ», «Низомномаи таҳияи барномаҳои таълимӣ», «Қоидаҳои риояи ростқавлии академӣ» таҳия гардиданд, ки дар таърихи донишгоҳ таҷрибаи нав мебошад.
Роҳбарият ва кормандони донишгоҳ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ чора андешида, мавқеи муассисро баландтар намуданд. Барои мисол, агар соли 2018 ДТТ дар рейтинг байни 40 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷои 12-умро ишғол намуда бошад, соли 2020 мақоми 8-умро сазовор донистанд.
Соли 2020 бо 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳоло дар донишгоҳ 109 донишҷӯйи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»