Аз нишастҳои матбуотӣ

Ду корхонаи коркарди лимӯ сохта мешавад

№24 (4764) 21.02.2024

ҶАЙҲУНРаиси но­ҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода 12-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли равон дар ноҳия ду корхонаи коркарди лимӯ сохта мешавад.

Корхонаҳои мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, бо муосиртарин таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳҳаз мешаванд.

Қайд шуд, ки ин корхонаҳо аз лимӯ афшура тайёр мекунанд ва лимӯро дар шакли хушк низ бо бандубасти зебо ба хориҷи кишвар содирот менамоянд. Инчунин, лимӯи вайроншударо коркард намуда, ба сифати доруворӣ ба мизоҷон дастрас менамоянд.

Соли равон дар ноҳияи Ҷайҳун 7 ҳазор тонна лимӯ истеҳсол ва қисми зиёди он ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Дар масоҳати 200 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ташкил шудааст, ки 170 гектари он ҳосилдиҳанда мебошанд. Ҳамзамон, дар ноҳия 12 сардхона бо ғунҷоиши 1980 тонна маҳсулот бунёд гардида, 1000 тонна меваҳои ситрусӣ захира шудааст.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»