Масоҳати шаҳри Душанбе то соли 2040 –ум 9000 гектар бештар мегардад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ (18 январи соли 2017) Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол — раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номбурда дар бораи ҷанбаҳои кори кумита, аз қабили лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, корҳои ҷустуҷӯию тадқиқотӣ, сохтани биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва варзишӣ мухтасар маълумот дод.
Аз суханронии Ҷамшед Аҳмадзода маълум гардид, ки соли 2016 сармояи асосӣ аз ҳисоби манбаъҳои сармоягузорӣ дар соҳа 11 миллиарду 74 миллиону 773 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Яке аз масъалаҳои муҳим самараи меҳнати ҳар як коргар ва маоши ӯ ба шумор меравад. Сари вақт гирифтани маош, албатта, ба фаъолияти меҳнатии коргарон таъсир мерасонад. Соли гузашта маоши миёнаи коргарон 1345 сомониро ташкил дод, ки нишондиҳандаи хуб аст.
Пӯшида нест, ки масъалаҳои меъмориву сохтмон дар ҷумҳурӣ ҷонибҳои баҳсбарангез низ дорад. Бинобар ин, намояндагони воситаҳои ахбори омма ба сифати биноҳо, ба меъёр ҷавобгӯ будани маҳсулоти сохтмонӣ, то чӣ андоза ба зилзила тобовар будани онҳо, дар майдончаҳои назди биноҳо сохтани иморат ва амсоли ин таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Аксар вақт мушоҳида мекунем, ки дар шаҳрҳо, хусусан дар Душанбе, соҳибхоназанҳо либосҳои шустаашонро аз тиреза ё пешайвон берун овезон карда, хушк мекунанд. Ин манзара на танҳо табъи шаҳрвандон, балки меҳмононро низ хира месозад. Аҳмадзода Ҷамшед дар ин бора гуфт, ки лоиҳаҳои нави биноҳои истиқоматие, ки сохтанашон иҷозат дода мешавад, ҷойҳои махсуси либосхушккунӣ доранд, аммо онҳое, ки бино месозанд, ба хотири сарфаи маблағ, ин қисмати нақшаро сарфи назар менамоянд.
Уруни Назар,«Садои мардум»