Соли 2024 маҷмуи маҳсулоти минтақавии дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба 31,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,3 фоиз ва саҳми он дар ММД 20,4 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҷониби 815 корхонаҳои саноатӣ ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 824 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин хусус муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2024 изҳор дошт. Тибқи иттилои мавсуф, дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 90,4 миллион сомонӣ ё 124 фоиз, саноати коркард 3,3 миллиард сомонӣ ё 113 фоиз, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,7 миллиард сомонӣ ё 134 фоиз ва таъмини об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа 81 миллион сомонӣ ё 144 фоиз расонида шуд.
М. ЗОКИР,
«Садои мардум»