Душанбе — шаҳри хурраму ободон…

№22 (4762) 16.02.2024

286037495_1783931701950623_1157351394724779261_n — копияПойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе ба шарофати таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ва азму талош­ҳои ҳамешагию шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми бахшу соҳаҳо симояшро ба куллӣ дигаргун намудааст.

Махсусан иншооти мухталифи таъиноти идорӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ ва фарҳангию маърифатидош­та, боғу гулгаштҳои хурраму сарсабз, иморатҳои зиёди бо тарҳи шарқӣ ва аврупоӣ орододашуда, фаввораҳо, китоб­хонаю театрҳо, осорхонаю ёдгориҳои таърихӣ, растаю хиёбон ва кӯчаю ҷодаҳои гуногун ҳусни шаҳрро имрӯзҳо хеле зебою дилрабо намудааст. Яъне, муосиртарин биноҳо бо шаклу усули хоса дар пойтахтамон бунёд гашта, бо намою ҳусни худ симои шаҳрамонро дигаргун сохтаанд…

Душанбе таърихи 2300-сола дошта, номи имрӯзаи Душанбе соли 1676 нахустин бор дар номаи хони шаҳри Балх Субҳонқул Баҳодур ба подшоҳи рус Фёдор Романов зикр шуда­аст. Дар сарчашмаҳои муътамад омадааст, ки марду­ми атрофи манотиқи Ҳисор ҳар як рӯзи душанбе ба яке аз деҳаҳои он, ки Душанбеи имрӯза қарор дорад, барои тиҷорат ва хариду фурӯш меомаданд ва ба ҳамин муносибат ин маконро Душанбе номгузорӣ намуданд.

Дар шаҳр бозёфтҳои гуно­гуни бос­тонӣ аз замони Кӯшониён, баъдан, теппаи Искандар, арки Мир, димнаи Шишахона ва ғайраҳо ёфт шудаанд. Душанбе соли 1925 ҳамчун пойтахти Тоҷики­стони шуравӣ мақоми шаҳрро ги­рифта, аз соли 1929 то соли 1961 Сталинобод ном дошт ва соли 1961 дубора боғшаҳри мо Душанбе номгу­зорӣ шуд.

Вақте ҳамарӯза дар кӯчаю хиёбонҳои он қадам мегузорем, гулгашту растаҳои шукуфони он ба қалби мо нишоту фараҳи беинтиҳо мебахшад ва мардуми шаҳр пайваста барои хуррамию ободӣ ва тозагии шаҳр кӯшиш мекунанд. Ҳамасола дар фаслҳои алоҳидаи сол барои боз ҳам зеботару хуррамтар намудани кӯчаю ҷодаҳо ва растаю хиёбонҳои ин боғшаҳр буттаю ниҳол, дарахтони сояафкан, ороишӣ ва гулҳои рангоранг мешинонанд.

Дар давоми беш аз шаш соли охир (аниқтараш аз моҳи январи соли 2017) маҳз ҳангоми роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои пойтахт ба куллӣ тағйир ёфт.

Майдону қасрҳои муосири варзишӣ дар ҳар маҳалу кӯчаҳои пойтахт, марказҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ ин ҳама маҳсули иқдомоти созандаи шаҳр­дорианд. Имрӯзҳо дар пойтахт ал­лакай якчанд роҳҳои чандқабата бунёд ёфт ва ҳамагӣ чанд сол қабл бошад, ҳамагон шоҳиди ифтитоҳи қасри боҳашамати вар­зишӣ дар пойтахт гаштем. Албатта, ин ҳама ободкориҳои шаҳрдорӣ маҳз барои со­кинону меҳмонони пойтахт аст ва ин бунёдкорию созандагиҳо ва ободу хуррамгардониҳо аз сокинону истиқоматкунандагони пойтахт масъу­лияти баландро тақозо мена­мояд. Ҳамзамон, маҳз дар давраи роҳбарии муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ зебоӣ ва назокати шаҳри Душанбе, ҷолибу пурҷозиба будани он ба назари халқи олам, хусусан мардуми сулҳдӯст ва некхоҳи атроф, бештар намоён гардид. Аслан, вақте ки дар кишварҳои гуногун, халқу миллатҳои мухталиф Душанбеи азизамонро «Шаҳри сулҳ», «Шаҳри дӯстӣ», «Шаҳри фарҳангӣ», «Шаҳри амн», «Маркази илм», «Шаҳри сайёҳӣ» ном мебаранд, ин худ мояи ифтихору сарбаландии ҳар як сокини пойтахт аст.

Ҳоло Қасри миллат, Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Кохи Наврӯз, Боғи Китобхонаи миллӣ, Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Айнӣ, Боғи устод Фирдавсӣ, Маҷмааи теннис, Боғи Куруши Ка­бир, боғоту марказҳои бузурги Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, инчунин, марказҳои азими илмию фарҳангӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, мактабҳои нави замонавӣ ва даҳҳо боғу хиёбону марказу иншоотҳои муосир симои пойтахтамонро шукӯҳу шаҳомати махсус бахшидаанд. Ин иншооту муассисаҳои бузург, албатта, барои имрӯзу ояндагон пешбинӣ гаштаанд. Пас, бояд нисбат ба онҳо бо эҳтиром, бо як масъу­лияту маданияти махсус муносибат намоем.

Тавре ки шоҳидем, илова ба ин ҳама навгониҳои пойтахтамон, дар асоси ҳидоятҳои шаҳр­дорӣ сохтмони боз даҳҳо меҳ­монхонаю дигар иншооти муосир бо дастгирии соҳибкорони кишвар бомуваффақият дар пойтахт ҷараён дорад.  Махсусан, дар ин марҳала дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, бахши маърифату истироҳату фароғат низ навгониҳое, ки дар пойтахт сурат гирифтанд, назиру ҳамто надоранд, ки ин албатта, табъи сокинони ватандӯсту хештаншиноси пойтахт ва меҳмонони аз дуру наздик меомадаро болидаю рӯҳбаланд месозад.

Ҳоло қисмати асосии аҳолии пойтахт­ро ҷавонон ташкил дода, даҳҳо ҳазор нафар толибилмон аз чаҳор навоҳии пойтахт, ҷавонон аз ҳар гӯшаю канори кишварамон, маҳз дар боргоҳҳои таълимии олию касбии пой­тахт таҳсил мекунанд ва ё кору фаъолият менамоянд. Маҳз, ҳаминро ба назар ги­рифта, бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳ­мон шаҳрдории пойтахт ҳамарӯза нақша­ву тадбирҳои наву ҷадидро роҳандозӣ менамоянд, то барои наслҳои наврасу ҷавонамон тамоми шароит муҳайё бошад. Аз ҷумла, он майдону толорҳои зиёди варзишие, ки дар ҳар як гӯшаи пойтахт бунёд ёфтаанд, маҳз барои ҷавонону нав­расон аст.

Вақте ки дар корхонаю муассисаҳо, дар ҷойҳои истиқоматӣ шоҳиди ҳашару ди­гар ташаббусҳои ободкоронаи дастаҷамъии шаҳрвандон мегардем, албатта, мо аз ин иқдомоти неки роҳбарияти мақомоти шаҳрдорӣ хушҳолу рӯҳбаланд мегардем.

Душанбе имрӯз бо шаҳрҳои зиёди давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва ИДМ бародаршаҳр аст. Ҷумҳурии Зомбиё — Лусака ҳанӯз соли 1964 ба Душанбе тарҳи дӯстӣ баста, хешро бародаршаҳр эълон карда буд. Соли 1967 ин иқдоми хайрро Ҷумҳурии Тунис қабул намуд. Сипас, шаҳрҳои Санъои Ҷумҳурии Яман (соли 1967), Клагенфурти Австрия (соли 1972), Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон (соли 1976), Боулдери ИМА (соли 1987) бо шаҳри Душанбе паймони дӯстӣ ва бародарӣ баста, ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангиро ривоҷ доданд. Қобили таҳсин аст, ки дар авҷи тағйироти бузурги даврон ва дигаргуниҳои азими иҷтимоӣ шаҳри Ройтлингени Ҷумҳурии Олмон (соли 1990) низ ба Душанбе дасти дӯстию бародарӣ дароз кард…

Дар марҳалаи соҳибистиқлолӣ, аз соли 1991 оғоз намуда, дӯстию бародарӣ миёни шаҳрҳои дунё бештар ривоҷу равнақ гирифт. Намояндагони кишварҳои дӯсту ҳамсоя бо як меҳру эътиқод ва умеду бовариҳо ба шаҳри Душанбе ташриф меоварданд. Шаҳрҳои Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (соли 1991), Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон (соли 1991), Санкт — Петербурги Федератсияи Россия (соли 1991), Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқис­тон (соли 1992), Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон (соли 1996) ва Мински Ҷумҳурии Беларус (соли 1998), ҳамзамон, шаҳрҳои Урумчӣ, Чиндао, Сямен ва Хайнан (Ҷумҳурии Мардумии Чин), Анқара (Туркия), Ашқобод (Ҷумҳурии Туркмани­стон), Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон), Боку (Ҷумҳурии Озарбойҷон) ва дигар шаҳрҳои дунё бо шаҳри Душанбе аҳди бародарӣ бастанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дилорою пурҷозиба шудани шаҳри Душанбе ба назари халқи олам, хусусан мардуми сулҳдӯст ва некхоҳи атроф, бештар намоён гардид. Ин буд, ки яке аз маркази таҳлилии америкоӣ дар пайи як назарсанҷии шаҳрвандони 142 давлати дунё Тоҷикистонро дар зинаи дуюми амнтарин кишварҳои дунё ҷой дода, нашрияи «Зе Индепендент» пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанберо аз рӯи таъмини амнияти шабона ба ҳайси яке аз шаҳрҳои даҳгонаи мавзеъҳои бехатар эътироф намуд.

Департаменти давлати ИМА оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои сайёҳӣ амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия дод. Соли 2019 тибқи назарсанҷии Агентии иттилоотӣ-таҳлилии «Тур — Стат»-и Федератсияи Россия Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ИДМ барои саёҳати баҳорӣ ва тирамоҳӣ шомил гардид.

Муҳимтарин рӯйдод бо ҷоизаи баландтарини байналмилалӣ — нахус­тин Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» (дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, солҳои 2002 — 2003) мукофотондани шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Халқи Тоҷикистон, аҳолии Душанбе, хурду калони ҷумҳурӣ, вақте ки ин муждаи некро шуниданд, ниҳоят шоду мамнун гашта, ин рӯйдоди фараҳбахшро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд сохт.

Ҳамин тариқ, шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи бай­налмилалии пойтахт­ҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти бай­налмилалии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти умумиҷаҳо­нии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) мебошад.

Ду­шанбешаҳри ободу дилрабои мо имрӯз рисола­ти бузургро ба зимма дорад: он макони баргузории чорабиниҳои бузурги сатҳи байнидавлатӣ ва ҷаҳонӣ, чораби­ниҳои муҳими фарҳангию мусобиқаҳои сатҳи баланди варзишӣ, дарвозаи асосии ташрифи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ мебошад. Пас, ин ҳама ҳар сокини ва­тандӯстро бояд танҳо ба ободкорию созан­дагӣ ҳидоят созад ва мо сокинони пойтахт ба қадри ҳамаи сарватҳои мавҷуда бояд бирасем. Ҳамзамон, ­шу­кр­­­гу­зорӣ аз сулҳу субот, ваҳдати бебоз­гашти миллӣ, сиёсати дурандешонаю оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, ҳар яке чун узви фа­ъоли ҷомеа дар навбати аввал бо амалу рафтори шоиста, бо фарҳанги волои ниёгону гузаштагон нахуст, дар ободии минтақаи худ, баъдан, дар рушду тараққии пойтахти кишвари азизамон — шаҳри Душанбе худ­ро масъул донем ва набояд фаромӯш намоем, ки Душанбеи азиза­мон чун пойтахт ифодагари симои аслии давлату миллати тамаддунсози мост.

Ш. Ҳусейнзода,

«Садои мардум»