- Даромади кишоварзон дар шаш моҳи аввали соли 2021 — ум 27 миллиону 547,2 ҳазор сомониро ташкил намуд, — гуфт раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода дар нишасти матбуотие, ки 2 август баргузор гардид.
Онҳо дар 1506 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ, 5368 гектар картошка ва 202,6 гектар кишти сабзавот гузарониданд. Нашъунамои киштзор гувоҳӣ медиҳад, ки имсол ҳосили хуб ба даст меоранд.
Боис ба нигаронист, ки корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 3 миллиону 309,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 278,5 ҳазор сомонӣ кам аст.
Бояд қайд кард, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои дар сатҳи зарурӣ доир гардидани экспедитсияҳои сайёҳиву кӯҳнавардӣ, аз ҷумла, бо ҷои хоб ва хӯроки гарм таъмин намудани сайёҳон ва эъмори инфрасохтор, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Бо ин мақсад дар ноҳия 6 меҳмонхона ва 5 ошхонаи миллӣ фаъолият доранд.
Илова бар ин, аз тарафи ширкати «Қуллаҳои тоҷик» дар мавзеи «Москвина» бошишгоҳи замонавӣ барои кӯҳнавардоне, ки тасмими фатҳи қуллаи «Исмоили Сомонӣ»- ро доранд, ба истифода дода шудааст.
Вобаста ба таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ зикр шуд, ки аз 221 иншооти банақшагирифта, то ҳол 156 иншоот ба истифода дода шудааст ва дар боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»