Дар нимсолаи аввали соли 2023 дар мамлакат сатҳи таваррум 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур, асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,0 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 2,9 фоиз ба амал омад. Арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ бошад 0,4 фоиз раванди коҳишёбӣ дошт. Ин нуктаро муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ 11-уми августи соли 2023 ба хабарнигорон таъкид намуд.
Зикр гардид, ки ба санаи 30-юми июни соли 2023 бақияи умумии пасандозҳо 17,0 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 47,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи он бо пули миллӣ 52,3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 47,7 фоизро ташкил намуд, ки аз паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт ва зиёд шудани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ шаҳодат медиҳад.
-Яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ин маблағгузории қарзӣ ба шумор меравад. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар нимсолаи якуми соли равон 9,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,7 млрд. сомонӣ ё 42,1 фоиз афзудааст. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба бахшҳои истеъмолот — 40,0 фоиз, кишоварзӣ — 15,3, савдои хориҷӣ — 11,5, саноат 18,2, хизматрасонӣ 6,8, сохтмон 3,8, нақлиёт 0,6 ва дигар соҳаҳо 3,8 фоиз рост меояд, — иброз намуд Фирдавс Толибзода.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба 17 фоиз расида, шумораи кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот баровардашуда 5,9 млн. ададро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ 7,5 млн. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,6 млн. адад ё 52,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Вобаста ба пардохти ғайринақдӣ зимни хариди молу хизматрасониҳо зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 21,8 млн. амалиёти ғайринақдии пардохти молу хизматрасониҳо ба маблағи 5,5 млрд. сомонӣ анҷом дода шуданд. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аз рӯи шумора 52,1 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 83,2 фоиз зиёд мебошад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»