Аз нишастҳои матбуотӣ

Эҳтиёҷмандон бо манзил таъмин мегарданд

№24 (4607) 13.02.2023

ТЛ РАДИО (2)Дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8-уми феврали соли равон доир шуд, изҳор гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҳия ва пешниҳод намудани барномаҳои калонҳаҷм, филмҳои мустанад, ҳамчунин, таҳкими корҳои техникӣ дар назди кумита шӯроҳои бадеӣ, таҳрир ва техникӣ таъсис ёфтааст. Тавассути ташкили курс­ҳои такмили ихтисос 114 коргардон, наворбардор, пардозгар, танзимгари видео ва садо, рассом, дизайнер, равшанидиҳанда ва муҳандисони шабакаҳои телевизион ва радио ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби шабакаҳои давлатии телевизион ва радио 55 филми ҳунарӣ, 198 филми мустанад, 54 филми илмӣ — ­оммавӣ, 311 қисм силсилафилм ва 42 филми тасвирӣ таҳия, тарҷума ва манзури бинандагон гардидааст. Хазинаи хонишҳои бадеии Радиои Тоҷикистон бо 152 гуфтори нав аз асарҳои адибони классику муосири тоҷик ва миллатҳои дигар ғанӣ гардонида шудааст. Дар маҷмӯъ, кормандони Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он дар соли 2022-юм 9914 барнома ва 67500 хабару гузориш омода ва пахш намудаанд.

Дар хусуси таъмини кормандони эҳтиёҷманд бо манзили истиқоматӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид изҳор дошт, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст. Бо дастури Пешвои миллат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ ба мувофиқа омада, аллакай дар маҳаллаи Зарафшон барои бунёди бинои 144-ҳуҷрагӣ, ки 10 ҳазор метри мураббаъро ташкил хоҳад дод, 35 садяк замин ҷудо кардааст.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»