Аз нишастҳои матбуотӣ

Фаъолияти 25 гурӯҳи ҷиноятӣ қатъ шуд

№99 (4682) 07.08.2023

АКН-Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода 2-юми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ, аз ҷумла гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз муомилоти ғайриқонунӣ 366 килограмму 785 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,6 фоиз бештар аст.

 Умуман, дар мамлакат 2 тоннаю 276 кг маводи нашъаовар мусодира шуд. Таъкид гардид, ки мусодираи афюн 50 фоиз, ҳашиш 15 фоиз, бангдона 51 маротиба, моддаҳои психотропӣ дар намуди хока — 4,4 ва ҳабҳои синтетикӣ 2,8 маротиба афзудааст.

Ин муддат аз ҷониби агентӣ 69 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардида,   фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 47 нафар ва гурӯҳи ҷиноятии муташаккил қатъ гардид. Аз 77 нафар ашхоси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта 7 нафар дастгир шуд.

Тибқи оморӣ расмӣ, нимсолаи якуми соли равон дар мамлакат 4183 нашъаманд дар қайд аст, ки нисбат ба соли гузашта 254 нафар ё 5,7 фоиз кам мебошад.

Директори агентӣ, ҳамчунин, зикр намуд, ки 308 нафар шаҳрванди мамлакат барои ҷиноятҳои алоқаманди маводи нашъаовар дар кишварҳои хориҷӣ дастгир шудаанд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»