Аз нишасти матбуотӣ

Фаъолияти 25 гурӯҳи ҷинояткор ошкор ва қатъ шуд

№105 (3585) 09.08.2016

DSC_0030- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар нимсолаи аввал мусодираи маводи нашъаовари навъи ҳашиш ва бангдона афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, кормандони Агентӣ ду ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропиро ошкор ва аз муомилоти ғайриқонунӣ 180 дона ҳабби синтетикии навъи «экстазӣ» (МДМА) ва амфетамин мусодира намудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 159 адад ё 8,6 маротиба зиёд мебошад, — зикр кард директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дар нишасти матбуотӣ, ки 4 августи соли равон доир гардид.

Салимзода афзуд, ки фаъолияти 25 гурӯҳи ҷинояткор дар ҳайати 55 нафар ошкор ва қатъ карда шуд. Ҳафт нафар шахсони дар кофтукови байнидавлатӣ қарордошта дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъа­овар 60 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 маротиба ё 32 ҳодиса зиёд мебошад. Дар натиҷа, 83 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда, аз онҳо ба миқдори 78520 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Маблағи ҷаримашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43920 сомонӣ ё 126 фоиз зиёд аст.

Дар доираи ҳамкориҳо аз ҷониби кормандони пулиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳудуди Бадахшони Афғонистон ду амалиёти оперативӣ гузаронида, чор шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо 16 кило афюн дастгир карда шуд. Ҳамчунин, дар худуди Афғонистон 45 литр прекурсори навъи «Сиркои ангидрид», ки барои тайёр кардани маводи нашъаовари навъи героин истифода бурда мешавад, дарёфт ва мусодира гардидааст.

 

 

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум»