Аз нишастҳои матбуотӣ

Фаъолияти блогерӣ барои аз лиҳози қонун ба танзим даровардан омӯхта мешавад

№ 22.07.2022

БлогериЯке аз масъалаҳое, ки 20 юли соли равон зимни нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулин пурсида шуд, танзими фаъолияти қонунии блогерон ва блогҳо буд. Дар робита ба он, директори марказ Изатулло Саидзода зикр кард, ки «мо масъалаи танзими фаъолияти блогерҳоро дар оянда мавриди омӯзишу баррасӣ қарор хоҳем дод».

Ҳамчунин, афзуд, ки масъулини Маркази миллии қонунгузорӣ дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот»-ро бо қонуни моделии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» мавриди таҳлили муқоисавӣ ва ҳуқуқӣ қарор дода, таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузорӣ гузаронидаанд.

Бино ба маълумоти Изатулло Саидзода, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба Маркази миллии қонунгузорӣ 75 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ворид гардиданд. Дар асоси нақшаи кории марказ барои соли 2022-юм 6 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамомада, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», «Дар бораи ислоҳоти замин», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» бо мақсади дар оянда такмил додани меъёрҳои онҳо аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуданд, ки дар маҷмӯъ 67 пешниҳод рӯйи кор омад.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»