Аз нишастҳои матбуотӣ

Фаъолияти пурмаҳсули маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»

№24 (4286) 23.02.2021

IMG_8393- Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаи таълимӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва фармоиши давлатиро оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, — гуфт ректори он Абдухалил Ғафурзода дар нишасти матбуотие, ки 16 феврал баргузор гардид.

Тибқи омор, донишҷӯён ва магистрантони академия 3895 нафарро ташкил дода, 723 нафар ройгон ва 3172 нафар аз тариқи шартнома ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли 2020 дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 курс баргузор гардид.

Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ ­Раҳмон» низ фаъолияти пурмаҳсул ­дошта, мавзӯъҳои тадқиқотии он ба ­масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон равона шудааст. Аз натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, рисолаву мақолаҳои илмӣ, монография омода ва нашр мешаванд.

Раёсати робитаҳои байналмилалии академия аз моҳи январ то апрели соли 2020 дувоздаҳ меҳмони хориҷиро қабул намуда, чор устоди академия ба конференсия, симпозиум, семинар ва тренингҳои байналмилалӣ ба хориҷи кишвар сафарбар шуданд. Инчунин, баъд аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 чорабиниҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз тариқи онлайн баргузор гардиданд.

ВОРИС,

 «Садои мардум»