Раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҷашни дарпешистодаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони 40 иншоот идома дорад.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ноҳия 705 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла 182 ҷойи кори доимӣ, 350 ҷойи кори муваққатӣ ва 173 ҷойи кори мавсимӣ таъсис дода шудааст. Дар ин давра корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 4 миллиону 298,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 716,7 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пурра иҷро гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети ноҳия ба ҷойи 7475 ҳазор сомонии нақша 7920 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.
Иҷрои нақшаи буҷети ноҳия дар шашмоҳаи соли 2016 дар қисми даромад ба андозаи 17083 ҳазор сомонӣ ва қисми хароҷот ба андозаи 17457 ҳазор сомонӣ таъмин шуд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 48466 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Раҷабзода Миралӣ оид ба таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ зикр кард, ки солҳои пеш дар атроф ва маркази ноҳия 20 чоҳи амудӣ вуҷуд дошт ва ҳоло аз ин шумора сетои он коршоям аст, чоҳҳои боқимонда таъмирталабанд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба нақша гирифтааст, ки қисме аз онҳоро пурра таъмир намуда, то ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии деҳотро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»