-Таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2023 нишон медиҳад, ки қисми даромади буҷет бо назардошти маблағҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷои 40 миллиону 139 ҳазор сомонӣ 42 миллиону 351,3 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, он аз нақша 2 миллиону 212,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад ба ҷои 42 миллиону 59,4 ҳазор сомонии пешбинишуда 38 миллиону 889,7 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки аз нақша 3 миллиону 169, 7 ҳазор сомонӣ кам мебошад, вале нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи нақшабандӣ 5 миллиону 743,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби пардохти андозу даромадҳо ба ҷои 11 миллиону 700 ҳазор сомонӣ 13 миллиону 974,4 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Ин нуктаро раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода 7-уми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Бино ба гуфти ӯ, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ноҳия бо назардошти ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ, новобаста аз шакли моликияташон 109 миллиону 264,5 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол ба соҳаи растанипарварӣ ва 97 миллиону 308,1 ҳазор сомонӣ ё 89,1 фоиз ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.
Дар ин давра аз ҷониби Кумитаи идораи замини ноҳия 59 ҳолат дар масоҳати 6957 гектар аз ҷониби шаҳрвандон ва соҳибкорону хоҷагиҳои деҳқонӣ вайрон кардани талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гардида, мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда тартиб дода шуд. Дар натиҷа, камбудиҳои мавҷуда бартараф ва гунаҳкорон 38924 сомонӣ ҷарима шуда, замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод доир ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 147 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта, то ҳол 52 иншоот ба истифода дода сохтмони 95 иншоот, аз ҷумла муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, майдони Парчам ва Нишони миллӣ ва боғи фарҳангу фароғатӣ дар маркази ноҳия ҷараён дорад.
-Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ҳисоботӣ 55 ҷиноятро ба қайд гирифтанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022-юм 23 адад кам мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 93,2 фоизро ташкил дода, бештари онҳоро ҷавонон ва ноболиғон содир намуданд, — ёдовар шуд Бобишо Холзода.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»