Файзобод. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзуд

№13 (3963) 02.02.2019

DSC01562Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод (28 январи соли 2019) раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода гуфт, ки соли гузашта нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 43 миллиону 786,3 ҳазор сомонӣ ё 100 фоиз таъмин гардид. Хароҷот 43 миллиону 995,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ба 97 фоиз баробар мебошад. Иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба ҷои 15 миллиону 850 ҳазор сомонӣ ба 16 миллиону 588 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба соли пешин як миллиону 692 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

- Соли сипаришуда истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 251 миллиону 886 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки дар қиёс ба соли пешин 44 миллиону 142 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Чорводорон 14437 тонна шир истеҳсол намуданд, ки ба ҳар сар гови дӯшоӣ 1744 килограммӣ рост меояд, — изҳор дошт Миралӣ Раҷабзода.

Соли сипаригардида аз ҷониби Кумитаи идораи замини ноҳия 98 ҳолати вайрон кардани талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор шуда, ба прокуратура ва суди ноҳия ирсол шуд. Корхонаи фаръии давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул соли 2018 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» беш аз 1100 ҳуҷҷати шаҳрвандонро ба қайд гирифт.

Инчунин, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 139 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба соли 2017-ум 67 адад кам мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо дар ин давра 84,7 фоизро ташкил дода, бештари онҳо аз тарафи ҷавонон содир шуда, сетои он ба ноболиғон мансуб аст.

Миралӣ Раҷабзода оид ба дастовардҳо дар соҳаи саноат, сохтмон, роҳсозӣ, тандурус­тӣ, маориф, фарҳанг, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маълумот дода, гуфт, ки дар робита ба пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон намудани солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сокинони ноҳия дар обод гардонидани деҳот беш аз пеш саҳм хоҳанд гузошт.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»