Раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода зимни нишасти матбуотӣ 15 феврал иброз намуд, ки соли гузашта меҳнаткашони ноҳия нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолиро ноил шуда, нақшаи қисми даромади буҷет 102 фоиз, нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ 101 фоиз ва нақшаи андози иҷтимоӣ, бо дарназардошти хароҷот, 100 фоиз иҷро гардид. Дар соҳаи саноат, якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ, ба маблағи 38 миллиону 52,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки 102 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 249 миллиону 409,4 ҳазор сомониро ташкил дод. Чорводорон 14710 тонна шир ва 1674,7 тонна гӯшт истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли пеш зиёд аст.
- Соли 2020 Кумитаи идораи замини ноҳия 71 ҳодисаи қонунвайронкунии заминро ошкор намуда, ба дастандаркорон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо 31416 сомонӣ ҷарима ситонид, — гуфт раиси ноҳия.
Дар идомаи нишаст хабарнигорон доир ба беаҳамиятии масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти қудратӣ, муассисаву ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои ноҳия дар иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, муроҷиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19, таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани мактабҳои деҳот ва таъмини ғайриқаноатбахши марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳот бо маҳсулоти зарурӣ пурсон шуданд.
Бобишо Холзода таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани муассисаҳои таълимии рақами 1,4, 7, 8,10, 11, 25, 27 ва 28-ро тасдиқ намуда, аз ҷумла, гуфт:
- На танҳо ин муссисаҳо, балки қариб дигар мактабҳои ноҳия ба таъмири ҷиддӣ ниёз доранд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»