Ба маҳсулоти дар ноҳияи Файзобод истеҳсолшаванда боз як номгӯи дигар зам хоҳад шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Мансур Каримзода иттилоъ дод.
- Деҳқонони маҳаллӣ дар 5 гектар замини лалмӣ хучи аълосифат парвариш намуда, нақша доранд, ки чанде пас дар заминаи ба роҳ мондани занҷираи ниҳоии маҳсулоти аз хуч истеҳсолшаванда брендҳои ноҳияи Файзободро зиёд намоянд, — гуфт номбурда.
Қайд гардид, ки самаранокии хуч, ки рӯёндани он дар заминҳои лалмӣ имконпазир аст, аз боғҳои себу нок бештар хоҳад буд. Бинобар ин, хоҷагидорони ноҳия азм доранд, ки ояндаи наздик онро ба 20 гектар расонанд.
Дар идомаи нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба меъмориву сохтмон, корношоямии чоҳҳои амудӣ, норасоии об, савдои кӯчагӣ, бахши хусусӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба суолу дархостҳо аз ҷониби Мансур Каримзода ва дигар масъулони ноҳия ҷавобҳои қаноатбахш пешниҳод гардид.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»