Аз нишастҳои матбуотӣ

Файзобод. Роҳҳои маҳаллӣ таъмир мегарданд

№96 (4516) 02.08.2022

Файзобод- Ноҳияи Файзобод аграрӣ буда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама категорияҳои хоҷагидорӣ 106 миллиону 56,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба як соли пеш 4 миллиону 919,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Кишоварзон соли 2022 дар 8833,2 гектар замин кишт гузарониданд, ки асоси онро ғалладонагиҳо (гандум, нахӯд ва лӯбиёгиҳо), зироатҳои техникӣ, хӯроки чорво, картошка, сабзавот ташкил медиҳад, — иброз дошт раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода зимни нишасти матбуотие, ки 28 июли соли ҷорӣ доир гардид.

Дар ин давра бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ ба мизоҷон 22 миллиону 542 ҳазор сомонӣ қарз дода, аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва сармояи хориҷӣ 6 миллиону 362,5 ҳазор сомонӣ дар самти таъмини таҷҳизоти тиббӣ ва расонидани кумакҳои моддӣ ба ниёзмандон равона шуд.

Оид ба таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ, оби полезӣ, сабаби хушкшавии қисме аз дарахтони шафати шоҳроҳ ва барқарорсозии чоҳҳои амудӣ саволҳо пешниҳод шуд, ки ба онҳо раиси ноҳия ва мутасаддиён посухҳои қаноатбахш доданд.

Зикр гардид, ки кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар ин давра ба таъмири роҳҳои маҳаллӣ, ки 136 километрро дар бар гирифта, солҳо боз рӯи таъмири асосиро надидаанд, оғоз намуданд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»