Раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода 3-юми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки сокинони ноҳияи Файзобод соли 2022 бо меҳнати софдилона дар иҷрои нақшаҳои тарҳрезигардида дар ҳама соҳа натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Дар ин давра қисми даромади буҷет, бо дарназардошти маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 103 фоиз ва қисми хароҷоти он 99 фоиз иҷро гардида, пардохти андозу даромадҳо ба 111 фоиз баробар шуд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабарнигори рӯзнома аз масъулини ноҳия сабабҳои вазъи ғайрисанитарии нуқтаҳои хизматрасонии шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Рашт-Лахш, муносибати сарди табибони Беморхонаи марказӣ, КАТС-и ноҳия ва кашолкорӣ дар пардохти маблағҳои сафари хидматии зиёда аз 20 омӯзгори муассисаҳои таълимиро, ки аз тарафи Раёсати молияи ноҳия бо баҳонаҳои гуногун мавқуф гузоштаанд, пурсон шуд.
Раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода зимни посух ба суолҳо иброз дошт, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ва шафати шоҳроҳи байналмилалӣ 11 ошхона, 4 ташноби сарироҳӣ, 18 истгоҳи замонавӣ бо нуқтаҳои хизматрасонии савдо, 3 нуқтаи хизматрасонии маишӣ, ҳаммом, шаҳрчаи хаймавӣ барои истироҳати лаҳзаинаи сайёҳон, меҳмонхонаи замонавии сайёҳӣ ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Орифони Ҷамоати шаҳраки «30-солагии Истиқлол» бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Ба гуфти раиси ноҳия, сохтмони Беморхонаи марказии ноҳия моҳи июли соли 2022 дар асоси Лоиҳаи «Барномаи хизматрасонии маҷмӯӣ барои модару кӯдак» оғоз гардида, моҳи августи соли 2024 ба анҷом мерасад. Бинобар ин, шуъбаҳои беморхонаро муваққатан ба беморхонаи минтақавии Мискинобод ва Меҳробод кӯчониданд. Аз ин рӯ, бо сабаби набудани шароити зарурӣ сокинони ноҳия барои табобат ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияҳои атроф муроҷиат мекунанд.
Дар охири соли 2022 зиёда аз 20 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Файзобод, ки ба курсҳои такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд, дар арафаи соли нави мелодӣ маблағи сафари хидматиашонро нагирифтаанд. Сардори Раёсати молияи ноҳия Иноятулло Раҷабзода иброз дошт, ки ба омӯзгороне, ки дар охири соли 2022 бо сафари хидматӣ ба курсҳои омӯзишӣ сафарбар гардидаанд, бояд пардохт мешуд, аммо дар буҷети ноҳия маблағи зарурӣ набуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»