Аз нишастҳои матбуотӣ

Факултети нав дар ДТТ

№22 (4918) 17.02.2025

 9Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо мақсади омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ факултети технологияи химиявӣ ва металлургия таъсис додааст.

Дар ин бора Қудрат Давлатзода, ректори донишгоҳ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, илова намуд, ки моҳи августи соли 2024 номи факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот иваз карда шуд.

- Дар факултетҳои нав шароити таълим фароҳам шуда, умед аст, ки дар раванди эълони «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» кадрҳои соҳибтахассус ва дар бозори меҳнат рақобатпазир омода мешаванд, — афзуд ректори донишгоҳ.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»