Аз нишастҳои матбуотӣ

«Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ» аз чоп баромад

№17-18 (4437-4438) 08.02.2022

Марказа миллии конунгузориСеюми феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021, директори он Саидзода Иззатулло, аз ҷумла гуфт, ки дар ин давра се консепсияи лоиҳаҳои Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ» ва «Дар бораи баҳои замин» таҳия гардиданд. Ҳамчунин, таҳқиқи илмии мавзӯи «Консепсияи қонун дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ» ба роҳ монда, тавсияҳо оид ба такмили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор» таҳия шуданд.

Қайд гардид, ки соли гузашта аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо 160 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ворид гардид ва Маркази миллии қонунгузорӣ ҷиҳати такмили онҳо 686 пешниҳоди асоснок манзур намуд. Вобаста ба таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ 150 мавзӯи илмӣ — таҳқиқотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва дар сомонаи расмии марказ ҷойгир шуданд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар Маркази миллии қонунгузорӣ шаш адад тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардиданд. Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва ягонакунии истилоҳоти қонунгузорӣ 1045 истилоҳоти ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ гардида, дар заминаи он «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ» омода ва ба нашр расонида шуд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»