Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонов дар нишасти матбуотие, ки 11 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, аз нигаронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2019 - «Мутаассифона, ғалатгӯиву ғалатнависӣ ва омехтасозии забони шевои тоҷикӣ, бахусус забони гуфтор, то ҳанӯз аз байн нарафтааст ва ин боиси нигаронист…» ёдовар шуд.
Номбурда иттилоъ дод, ки гурӯҳҳои кории Кумита вобаста ба назорати риояи муқаррароти қонуни мазкур фаъолияти 21 субъекти хоҷагидориро мавриди санҷиш қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо ба ташкилоту муассисаҳои санҷидашуда санад пешниҳод карданд.
Таҳлили иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дод, ки дар баъзе мақомот коргузорӣ ба забони давлатӣ ҳанӯз ҳам хуб ба роҳ монда нашудааст. Дар аксари маводи коргузорӣ ғалатҳои имлоӣ, мантиқӣ ва услубӣ ба назар мерасад.
Илова бар ин, аъзои гурӯҳҳои корӣ иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро дар бахшҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо мавриди санҷиш қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти судӣ соли гузашта барои риоя нагардидани муқаррароти қонуни мазкур бо моддаи 80-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, 38165 сомонӣ ҷарима таъин гардид.
Соли 2019 аз ҷониби мутахассисони Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот 10 фарҳангнома дар соҳаи обшиносӣ ва геодезия, сохтмон ва меъморӣ, техникӣ, иқтисодӣ, илмҳои дақиқ, кишоварзӣ, дар маҷмӯъ 73550 истилоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои нашр тавсия шуд.
- Бо мақсади эҳёи номҳои таърихӣ аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳот «Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ» таҳия ва нашр гардид, — афзуд Олимҷон Муҳаммадҷонов.
А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»