- Дар нимсолаи аввали соли 2016 дар театрҳои касбии кишвар 30 асари нав, аз ҷумла 14 намоиш дар театрҳои пойтахт ва 16 намоиш дар театрҳои музофотӣ рӯи саҳна гузошта шуд. Дар ин муддат бо иштироки театрҳои кишварҳои Федератсияи Россия, Туркманистон, Қирғизистон, Беларус ва Тоҷикистон Фестивали панҷуми байналмилалии «Чодари хаёл» баргузор гардида, 100- солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нериё Аминов ва муаррифии барномаи ҳунарии Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ баргузор гардид, — иброз дошт 22 июли соли равон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни пешниҳоди маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти Вазорати фарҳанг дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ.
Дар ин муддат ҳунармандони муассисаҳои консертӣ бо барномаҳои фарҳангӣ дар кишварҳои Қатар, Кувайт, Ҷумҳурии Туркманистон ва Сирки тоҷик дар кишвари Миср санъату фарҳанги тоҷикро бомуваффақият муаррифӣ намуданд.
Вазорат ҳамкориҳои байналмилалиро дар сатҳи сафоратхонаҳо низ тавсеа бахшид. Дар нимсолаи аввал Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон барномаи консертии гурӯҳи ҳунарии «Нағма»- ро дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой барномаи фарҳангиро таҳти унвони «Хитой ва Тоҷикистон – оилаи ягона», Сафорати Япония — Рӯзҳои фарҳанги кишвари Япония ва Сафорати Ҳиндустон — Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустонро баргузор намуданд. Моҳи июн Ансамбли маъюбони Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва Боғи «Ирам»-и пойтахт се барномаи ҷолиби ҳунарӣ намоиш дод.
Бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар сохтмони муассисаҳои фарҳангӣ идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони биноҳои нави Қасри фарҳанг ва азнавсозии қасрҳои фарҳанг дар Муъминобод, Ашт, Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Зафаробод, Қӯрғонтеппа, Хуросон, Рашт, Восеъ, Ҷайҳун, Деваштич ба охир мерасанд.
Дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа сохтмони бинои нави Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон барои 700 ҷойи нишаст идома дорад. Дар шаҳри Хуҷанд Кохи фарҳанги рақсу таронаҳои миллӣ ва халқҳои ҷаҳон сохта шуда истодааст, ки дар он Мактаби рақси миллии «Зебо Аминзода» барои духтарон ва Мактаби рақси миллии ба номи Ғаффор Валаматзода барои ҷавонписарон ҷойгир хоҳанд шуд.
Шамсиддин Орумбекзода ҳозиринро бовар кунонид, ки аҳли фарҳанг минбаъд ҳам неруи эҷодиро баҳри иҷрои нақшаву ниятҳо ва боло бурдани сатҳи маънавиёти ҷомеа сафарбар менамоянд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».