Аз нишастҳои матбуотӣ

Фарҳод РАҲИМӢ: «Астероидҳои табиати кометавидошта ошкор шуданд»

№96 (4516) 02.08.2022

7- Дар нимсолаи якуми соли 2022 олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯи 111 мавзӯъ, аз ҷумла 68 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 15 илмӣ — таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ. Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи мавриди назар аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо 1390 кори илмӣ, аз ҷумла 70 китобу монография, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 1320 мақолаи илмӣ, аз онҳо 1200 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 120 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.

Фарҳод Раҳимӣ таъкид кард, ки чорабиниҳои муҳими илмӣ дар давраи зикршуда аз ҳамоишҳои зерин иборат буданд: 1) Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди суннатҳои Наврӯз» (18 марти соли 2022); 2) Форуми байналмилалии «Ҳамгироии илм ва истеҳсолот: дурнамои рушд» (19-уми майи соли 2022); 3) Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ» (17 июни соли 2022).

Таҳқиқот дар соҳаи илми математика дар сатҳи баланд доир гардида, доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд. Тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионии мамлакат коркард ва татбиқ шуданд.

Дар соҳаи астрофизика бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ мушоҳидаҳои метеорҳо, кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои ҳамсафарҳои сунъии Замин гузаронида шуданд. Астероидҳои наздизаминии табиати кометавидошта ошкор карда шуданд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот барои ҳал кардани масъалаҳои хатари астероидҳову кометаҳо ба Замин ва киштиҳои кайҳонӣ муҳим мебошанд.

Олимони соҳаи химия натиҷаҳое ба даст оварданд, ки аз дастовардҳо дар рушди усулҳои синтези маҳсулот бо хосиятҳои муайян – моддаҳои таъйиноти биологӣ ва тиббӣ, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд, шаҳодат медиҳанд.

Аз тарафи олимони зилзилашинос (сейсмологҳо) бо истифодаи технологияҳои навтарини системаҳои иттилоотии географӣ (ГИС) харитаи арзёбӣ кардани хатарнокии сейсмикии марзи Тоҷикистон тартиб дода шудааст, ки он ба ошкор намудани ҷойи пайдоиши фурӯравиҳо ва ярч (лағжида фаромадани қабатҳои замин) ҳангоми заминҷунбиҳо имкон медиҳад.

Ворис,

 «Садои мардум»