31 январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён аз фаъолияти яксола ҳисобот дода, аз ҷумла, изҳор намуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат, бо мақсади тарғиби фарҳангу мусиқии миллӣ, баланд бардоштани завқи ҳунармандони ҷавон ва дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи санъати мусиқӣ дар заминаи «Телевизиони Тоҷикистон» 13 ноябри соли 2017 телевизони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» ба фаъолият оғоз намуд.
Ҳамчунин, «Телевизиони Тоҷикистон» 8 сентябр, МДТ «Сафина» 5 октябри соли 2017 ва чанде пеш Шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» ба пахши дақиқияти баланд – HD гузаштанд. Ҳоло фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои давлатии телевизион 60,41 фоизро дар бар мегирад.
Маҳмадсаид Шоҳиён сипас дар бораи фаъолияти яксолаи «Телевизиони Тоҷикистон», МДТ «Сафина», МДТ «Ҷаҳоннамо», МДТ кӯдакону наврасон — «Баҳористон», телевизионҳои «Варзиш», «Синамо», Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он, ҶСК «Телерадиоком», МД «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» ва ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём» мушаххас маълумот дода, таъкид намуд, ки соли 2018 низ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро ба роҳ монда, ҳамчун дастгоҳи идеологии давлат кори шабакаҳои телевизионӣ ва радиоиро дар ҷумҳурӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳанд ва барои баланд бардоштани сатҳу сифат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.
ВОРИС, «Садои мардум»