Нишастҳои матбуотӣ

Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии торнавозон доир мегардад?

№90 (3727) 27.07.2017

Фарханг21 июли соли 2017 дар нишасти матбуотӣ вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода журналистонро бо натиҷаҳои шашмоҳа шинос намуд. Зикр шуд, ки дар ин давра фаъолият дар ҳама самт густариш ёфта, ҷиҳати рушди фарҳангу санъат, инкишофи табъу нашр ва ҳифзу эҳёи ёдгориҳои таърихӣ корҳои мушаххас иҷро гардиданд.

Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи соли 2017 дар театр­ҳои касбии кишвар 30 ­асари нав саҳнавӣ гардида, 15 намоиш дар театр­ҳои пойтахт ва 15 намоиш дар театрҳои музофотӣ рӯи саҳна оварда шуданд.

Ба ғайр аз ин, тибқи нақша Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем», Фес­тивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон — «Ганҷҳои ҳунар», ­Фестивали ҷумҳуриявии «Бозори ҳунар», Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ва Фестивали ансамблҳои оилавӣ — «Дунёи саодат» дар сатҳи баланд доир шуд.

Аз моҳи май рӯзҳои шанбе ва якшанбе 72 маротиба дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе бо иштироки адибон, ҳунармандони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ барномаҳои консертӣ пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт ­гардид.

Ҳангоми саволу ҷавоб Шамсиддин Орумбекзода пешниҳод оид ба гузаронидани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии торнавозонро хуш пазируфт. ӯ изҳор дошт, ки баҳри дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва пурра намудани ҳайати Оркестри асбобҳои халқии театрҳои касбӣ ва музофотӣ гузаронидани ин ­фестивал — озмун аз манфиат холӣ нест.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»