Аз нишастҳои матбуотӣ

Фурудгоҳ ба 295 ҳазор мусофир хизмат расонд

№16 (4756) 02.02.2024

20240129_111421- ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» соли 2023-юм 35 миллиону 313 ҳазору 443 сомонӣ фоида ба даст оварда, ба буҷети ҷумҳурӣ 19 миллиону 795 ҳазору 765 сомонӣ маблағ ворид намуд, — гуфт директори генералии фурудгоҳ Нуралӣ Ҳомидзода 29-уми январи соли 2024 зимни нишасти матбуотӣ.

Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб соли 2023 ба 295 ҳазору 271 мусофир хизмат расонда, шумораи рейсҳои фуруд­гоҳ 928 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 91,7 фоиз мебошад.

Изҳор гардид, ки соли 2023 теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташудаи парвозҳо дар фурудгоҳ 44 ададро ташкил дод, ки 33 парвоз ба дер омадани ҳавопаймо, 9 парвоз ба номусоидии боду ҳаво ва 2 парвоз ба сабаби техникӣ рабт дошт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 291 корманд фаъолият менамоянд, ки 48 нафарашон занон буда, музди меҳнати миёнаи онҳо 2450 сомониро ташкил медиҳад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»