- Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб соли 2021 ба буҷети ҷумҳурӣ 20 миллиону 819 ҳазору 114 сомонӣ маблағ ворид намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 — ум 15 миллиону 566 ҳазору 31 сомонӣ зиёд аст, — гуфт 31 январи соли равон директори генералии он Нуралӣ Ҳомидзода зимни нишасти матбуотӣ.
Дар ин давра ба 232656 мусофир хизмат расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 205 460 адад зиёд аст.
Инчунин, соли гузашта парвозҳо дар 1043 хатсайр, аз ҷумла, 351 адад рейсҳои мунтазам ва 692 адад рейсҳои чартерӣ аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб анҷом дода шудааст, ки нисбат ба соли 2020 — ум 937 рейс зиёд мебошад.
- Гурӯҳи муоинаи Хадамоти бехатарии авиатсионӣ, — гуфт Нуралӣ Ҳомидзода, — соли 2021 ҳангоми гузаронидани муоинаи пешазпарвозии мусофирон 158 нафарро ошкор кард, ки ашё ва моддаҳои барои бо тайёра бурдан мамнӯъ доштанд. Аз ҷумла, 105 ашёи тезу буранда, 2 бозичаи ба яроқ монанд, 60 метр қили моҳигирӣ, 58 литр равған, 640 грамм моддаҳои заҳрноки зидди ҳашарот, 1225 грамм моддаҳои кимиёвӣ ва 4,4 литр нӯшокии спиртӣ ошкор ва мусодира гардид.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»