Аз нишастҳои матбуотӣ

Фурудгоҳи Кӯлоб ба 334 ҳазор мусофир хизмат расонид

№19-20 (4602-4603) 03.02.2023

dav- Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб соли 2022 ба буҷет 23 миллиону 825 ҳазору 789 сомонӣ маблағ ворид намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021- ум 3 миллиону 6 ҳазору 675 сомонӣ зиёд мебошад, — изҳор дошт директори генералии он Нуралӣ Ҳомидзода 30-юми январи соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ.

Қайд гардид, ки дар давраи зикршуда ба 334 ҳазору 295 мусофир хизмат расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101 639 нафар зиёд мебошанд.

Феълан дар фурудгоҳ 255 корманд фаъолият мекунанд, ки 38 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Маълум гардид, ки соли 2022 аз вазни умумии боғоҷи қабулгардида ва интиқолдодашуда 5052,3 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар давраи сипаришуда 1012 хатсайр иҷро гардид, ки нисбат ба соли 2021 — ум 31 хатсайр кам аст.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»