Аз нишастҳои матбуотӣ

Гӯштини миллӣ мақоми байналмилалӣ касб намуд

№25 (4608) 15.02.2023

Физкултурни (2)- Гӯштини миллӣ мақоми байналмилалӣ касб намуд. Дар ин бора 9-юми феврали соли 2023 зимни нишас­ти матбуотии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ректори он Шодӣ Сафаров мужда дод. Зикр гардид, ки моҳи январи соли ­гузашта ин намуди варзиши тоҷикон дар Вазорати ­адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид. Бешак, ин дастоварди бузург аст. 19-уми марти соли 2022 дар пойтахти мамлакат пеш аз оғози Мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини миллии тоҷикӣ, ҷиҳати мақоми байналмилалӣ бахшидан ба ин навъи варзиш бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор гардид, ки иштирокчиён ин тасмимро ҷонибдорӣ карданд.

- Аксар ­навъҳои гӯштин дар ҷаҳон аз гӯштини миллии тоҷикон маншаъ гирифтаанд. Он мероси бузурги ниёгон ва шоистаи ифтихору сарбаландии мост ва зарур аст ҷиҳати ҳифзу густаришаш бештар кӯшиш ба харҷ диҳем. Гӯштини тоҷикӣ ҳамчун навъи миллии варзиш моро дар ҷаҳон беҳтар муаррифӣ хоҳад кард, — гуфт Ш. Сафаров.

Бояд зикр кард, ки 1-3-юми марти соли равон дар пойтахт Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад.

 Иттилоъ гирифтем, ки дар давраи мавриди назар кафедраи гимнастика, 5 синфхонаи кафедраи волейбол, толори теннис ва хобгоҳи донишкада таъмир шуданд. Айни замон беш аз 400 донишҷӯи донишкада ба дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи навъҳои гуногуни варзиш шомил гардидаанд.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»