Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ ба 10 миллиарду 130,6 миллион кВт/соат расид, ки 617,1 миллион кВт/соат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст. Дар ин бора Усмоналӣ Усмонзода — вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат 15 июл дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки суръати афзоиш бо дарназардошти мавҷудияти 286 НБО-и хурд 106,5 фоиз таъмин гардид.
Бино ба маълумоти номбурда, ҳаҷми умумии содироти неруи барқ 1 миллиарду 257,4 кВт/соат буда, нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2018-ум 314,2 миллион кВт/соат афзоиш ёфтааст. Пардохти маблағи неруи барқ аз тарафи муштариён дар дохили ҷумҳурӣ 276,1 миллион кВт/соатро ташкил медиҳад.
Усмоналӣ Усмонзада дар робита ба гарон шудани нархи истифодаи неруи барқ изҳор дошт, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ва барои дастрасии маълумоти бештар ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд муроҷиат намуд.
Масъалаи гароншавии нархи неруи гармӣ низ баррасӣ гардида, зикр шуд, ки барои аҳолӣ алҳол тарофаи қаблӣ амал мекунад.
М. УСМОН, «Садои мардум»