- Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 14 феврал доир гардид, гуфт:
- Бо мақсади омӯзиши номи мавзеъҳои ҷуғрофӣ, ки ба талаботи забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд, аз 20-ум то 30-юми апрели соли 2017 роҳбарият ва кормандони кумита дар ҳамкорӣ бо мутахассисони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар шуда, номи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо, кӯчаю хиёбонҳоро дар асоси моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор дод. Барои ба талаботи қонуни мазкур мутобиқ намудан ва эҳё гардонидани номҳои ҷуғрофӣ дар ҷумҳурӣ дар назди кумита гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Аз 10295 номи дар таҳқиқ қарордошта, 1566 номи ғайримеъёр, аз ҷумла, 836 деҳа, 58 ҷамоат, 672 чарогоҳ, кӯҳ, чашма, дара, пул, кӯл, дарё ва дигар мавзеъҳо барои иваз намудан пешниҳод карда шуд.
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти судӣ вобаста ба риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 319 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, 60720 сомонӣ ҷарима таъин гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати муҳтавои китобҳои таълимӣ мусаввадаи китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» барои синфҳои 2 то 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русии ҷумҳурӣ мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор гирифта, эроду тавсия ва пешниҳод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Ворис, «Садои мардум»