Зимни нишасти матбуотӣ (12 июл)-и Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки дар 10 соли амали қонун мувофиқи омори расмӣ, зиёда аз 18 миллиард сомонӣ сарфа ва якуним миллион сар чорво аз забҳ шудан канор мондаанд.
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода гуфт, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ аз 3650 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамуданд, 3324 нафар ба ватан баргардонида шуд, вале 73 нафари онҳо дубора ба ҷойи таҳсили пештара баргаштанд. Боқимонда дар Тоҷикистон машғули кору таҳсиланд.
- Дар мамлакат заминаи ҳуқуқии ба таҳсили ибтидоии динӣ фаро гирифтани шаҳрвандон мавҷуд аст. Масалан, дар назди масҷидҳои ҷомеъ бо фароҳам овардани шароити мусоиди таълим метавон омӯзиши таълимоти диниро ба роҳ монд. Иҷозатнома барои фаъолиятро Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ медиҳад. Ҳоло дар мамлакат муассисаи таълими ибтидоии динӣ танҳо дар назди Маркази исломии ҷумҳурӣ фаъолият дорад, — гуфт ӯ.
Сулаймон Давлатзода, инчунин иброз намуд, ки бинобар зиёд будани теъдоди муроҷиаткунандагон барои зиёрати Каъба афзалият ба шаҳрвандони аз 40-сола боло дода мешавад. Сафари ҳоҷиёни тоҷик ба Арабистони Саудӣ 15-16-уми августи соли равон оғоз меёбад.
С. Суннатӣ, «Садои мардум»