Дар шаш моҳи аввали соли 2023 Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар ба 190 хатсайр хизматрасонӣ намуд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 22 хатсайр кам мебошад.
Ин нуктаро директори фурудгоҳ Фарҳод Абдурашидзода зимни нишасти матбуотӣ, ки дуюми августи соли равон баргузор гардид, зикр кард.
Дар ин давра беш аз 34 ҳазор мусофир қабул ва 32 ҳазору 168 нафар гусел карда шуданд, ки ҳаҷми бору бағоҷи онҳо зиёда аз 970 тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби хизматрасониҳои фурудгоҳӣ ба маблағи 10 миллиону 689 ҳазору 100 сомонӣ даромад шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлат 2 миллиону 120 ҳазор сомонӣ пардохт гардид.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки барои бунёди хати нави парвоз барои қабули тайёраҳои калонҳаҷм ба маблағи 110 миллион сомонӣ лоиҳа омода шуда, барои ҷалб намудани шарикони рушд коргузорӣ рафта истодааст.
- Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон лоиҳаи сохтмони терминали дуошёнаи мусофирон дар таҳияи нав барои дар як соат қабулу гусел намудани 600 нафар мусофир омода гардид, ки барои дарёфти маблағ бо сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ корбарӣ рафта истодааст, — гуфт Ф. Абдурашидзода.
С. СУЛАЙМОН,
«Садои мардум»