Аз нишастҳои матбуотӣ

Хатлон. Бояд ба таври илова 50 мактаб сохта шавад

№90 (3884) 26.07.2018

Раиси вил ХатлонБо дарназардошти афзоиши аҳолӣ дар соли нави хониш барои вилояти Хатлон ба таври илова камаш 50 мактаб лозим мешавад. Ба ҳисоби миёна дар соли нави хониш шумораи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят беш аз 26 ҳазор хонанда зиёд хоҳад шуд.

Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ зимни нишасти матбуотӣ 18-уми июли соли 2018 изҳор намуд, ки аз оғози соли ҷорӣ 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 5 муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт. Шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ дар вилоят 1338 ададро ташкил мекунад. Шумораи умумии хонандагон бошад, ба 707 ҳазору 155 ва омӯзгорон 42 ҳазору 806 нафар расидааст.

Мушкили дигари соҳаи маорифи вилоят дар се баст фаъолият намудани баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб — 4, Вахш — 5, Восеъ — 4, Дӯстӣ — 2, Хуросон — 1, Ҷалолиддини Балхӣ — 2, Кӯшониён — 2, Абдураҳмони Ҷомӣ — 4, Ҷайҳун — 10, Ҳамадонӣ — 1, Фархор — 5 ва ноҳияи Панҷ — 3, ҷамъ 43 муассисаи таълимӣ таҳсилро дар се баст ба роҳ мондаанд.

Ҳамчунин, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуд, ки аҳолии вилоят ҳар сол 70 – 75 ҳазор нафар зиёд мешавад. Аз ин ҷост, ки барои хонандагон нарасидани ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчун мушкили асосӣ боқӣ мемонад.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»