Дар шаҳри Бохтар, бо иштироки беш аз 70 намояндаи воситаҳои ахбори омма, 14-уми феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки соли сипаригардида ба маблағи 10,2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 1,4 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҳиссаи саноати коркард 51,7 фоиз, саноати истихроҷи маъдан — 4, истеҳсоли неруи барқ ва газ — 43,9, тақсимоти неруи барқ ва хизматрасонии об 0,5 фоизро ташкил дод.
Соли 2021 дар вилоят, тибқи нақша, баистифодадиҳии 60 корхона ва коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шуда, 86 адад бо таъсиси 1146 ҷойи нави кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Аз ҳисоби корхонаҳои коркарди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» — ҶДММ «Фотимаи Иброҳим» ва «Грин Голд» соли сипаригардида 438,8 тонна мағзмева, аз ҷумла 417,2 тонна писта ва 21,8 тонна фундуқ содирот шудааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2020- ум 487 тонна ё 8,5 баробар зиёд мебошад.
Ҷиҳати рушди саноат дар вилоят як қатор барномаҳо мавриди амал қарор мегиранд. Танҳо дар соли 2022 барои амалӣ намудани супориши Роҳбари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 142 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо 3987 ҷойи кор пешбинӣ шудааст.
- Мувофиқи нақша дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Данғара, Кӯлоб, Вахш ва Фархор баистифодадиҳии корхонаҳои азими саноатӣ барои истеҳсоли нуриҳои азотӣ, рангубори матоъ, наддофӣ ва сохтмонӣ дар назар аст, ки дар ин замина ҳазорҳо ҷойи кори доимӣ фароҳам мешавад, — гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»