Тайи 6 моҳи соли равон корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба маблағи 69 миллиону 473,9 ҳазор сомонӣ хизмати коммуналӣ расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,6 фоизро ташкил медиҳад. Муовини якуми директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Равшан Тӯйчизода зимни нишасти матбуотӣ 13-уми июли соли равон изҳор дошт, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ 35,7 ҳазор бех дарахт шинонида шуд, ки ба 112 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар аст. Дар ин муддат ҳаҷми умумии кашонидани партовҳо 246,4 ҳазор метри мукаабро ташкил дод, ки баробари 110,1 фоизи иҷрои нишондиҳандаҳо мебошад.
- Барои бо сифати хубтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои коммуналӣ муассиса ба 800 адад техникаи махсус ниёз дорад, — гуфт Равшан Тӯйчизода.
Дар солҳои 2011-2016 ва нимсолаи аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маблағгузории корхонаҳои соҳаи коммуналӣ нуқтаҳои қабули лампаҳои симобдори аз истифода баромада ташкил карда, аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 325,3 ҳазор адад лампа ҷамъоварӣ карда шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаи сармоягузорӣ», аз ҷумла «Лоиҳаи барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон», ки аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мегардад, соли 2012 ба маблағи 22 миллиону 70 ҳазор доллари ИМА оғоз шуд, ки шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Бӯстони вилояти Суғд ва шаҳри Хоруғи ВМКБ-ро дар бар мегирад. То ин дам барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои зикршуда амалӣ гаштааст. Лоиҳа моҳи декабри соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»