Аз нишастҳои матбуотӣ

Хоруғ. Ҳаҷми истеҳсол ба 53 697 600 сомонӣ расид

№ 12.02.2025

ХОРУГСоли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Хоруғ ба 53 млн. 697 ҳазору 600 сомонӣ афзуда, теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ба 47 адад расид.

Дар ин хусус раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, қайд кард, ки соли 2024 дар Хоруғ 10 корхонаю коргоҳи нав бо 102 ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифтанд.

Номбурда вобаста ба нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр тавзеҳ дод, ки он дар ин давра бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105 фоиз иҷро гардид ва ба буҷет 120,1 млн. сомонӣ ворид шудааст. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр бошад, 99,9 фоизро ташкил дод.

Р. Назарзода дар робита бо вусъат додани ҳисоббаробакунии ғайринақдӣ афзуд, ки феълан шумораи постерминалҳо ва QR-рамзҳо дар ҳудуди шаҳр ба 560 адад расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 189 адад зиёд мебошанд. Инчунин, 79 956 корти бонкӣ ба муомилот бароварда шуда, ҳоло 20 ҳазор нафар сокинони шаҳр корти бонкӣ доранд, ки аз ин шумул 100 фоиз аҳолии калонсол мебошанд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»