Соли 2023 дар асоси 340 дархост 1927 номгӯй адабиёти динӣ, 11500 варақа ва 50587 сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ мавриди ташхиси давлатии диншиносӣ қарор гирифт.
Аз ин теъдод ба 205 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротгароӣ хулосаи манфӣ ва ба 135 дархост хулосаи мусбат дода шуд. Дар ин хусус раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода 9-уми феврал дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки соли сипаришуда аз мамлакат 5300 нафар ба ҳаҷҷи фарзӣ ва зиёда аз 13000 нафар ба умра рафтаанд. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ солона барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба 7000 нафар сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон квота ҷудо намудааст.
- Яке аз сабабҳои афзудани теъдоди зоирон беҳтар шудани вазъи зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад. Сабаби дигар, осоншавии гирифтани раводид ва арзон шудани маблағи сафари ҳаҷҷи умра мебошад. Ҳоло тавассути ширкатҳои ватанӣ ба маблағи 13 — 14 ҳазор сомонӣ метавон ба умра рафт, ки ба ин ҳаққи роҳкиро, будубош ва ду вақт хӯрок дохил мешавад, — иброз намуд Сулаймон Давлатзода.
Соли 2023 барои риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 826 парванда баррасӣ гардид, ки нисбат ба соли 2022-юм 56 ҳолат зиёд мебошад. Маблағи умумии ҷаримаҳо 4 миллиону 689 ҳазору 502 сомониро ташкил медиҳад. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар аксар мавридҳо худнамоишдиҳӣ боиси вайронкунии қонун мешавад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»