- Соли 2017 тавассути ҳама намуди нақлиёт 75 млн. 533, 9 ҳазор тонна бор ва 591,2 млн. мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2016 мутаносибан 5,4 ва 2,9 фоиз зиёд аст, — изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ 15 феврали соли равон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода.
- Айни замон 1380 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 228 корхонаи нақлиётӣ, 50 терминали мусофирбарӣ, 12 терминали боркашонӣ, 1000 нуқтаи хизматрасонии техникию таъмири воситаҳои нақлиёт ва 90 қароргоҳи нақлиётӣ фаъолият дошта, 845 хатсайри мусофирбар амал мекунанд.
Соли 2017 тавассути нақлиёти роҳи оҳан 4 млн. 656,6 ҳазор тонна бор бо гардиши 162,5 млн. тонна/км кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2016 мутаносибан 14,6 ва 28 фоиз кам аст. Коҳишёбӣ аз ҳисоби камшавии воридоти борҳо, қатъ гардидани боркашонии транзитӣ ва кам шудани ҳаҷми боркашонии дохилӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин давра 174 вагон аз таъмири асосӣ ва 1283 вагон аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Тавассути нақлиёти ҳавоии мамлакат ба 34 самти 8 кишвари хориҷи дуру наздик парвозҳо амалӣ карда мешаванд, ки аз он 13 самт ба ҶСК «Тоҷик Эйр» ва 21 самт ба ҶДММ «Сомон Эйр» рост меояд. Соли 2017 тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватанӣ 858,3 ҳазор мусофир ва 1809,7 тонна бор интиқол дода шуд. Мунтазамии парвозҳо дар давоми сол 72,3 фоизро ташкил дода,1184 парвоз ба таъхир мондааст, ки сабаби он нарасидани тайёраҳои муосири ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ ва таваққуф намудан дар фурудгоҳҳои дигар барои гирифтани сӯзишворӣ аст.
Н. Низомӣ,
«Садои мардум»