Аз нишастҳои матбуотӣ

Иқдоми неки ДДТТ ба омӯзгорон

№19 (4439) 10.02.2022

РЕКТОРИ ДДТТ- Бо мақсади пайравию дастгирӣ аз сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ­ироаи Паёмашон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ нисбат ба маорифро сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи Давлату Ватан арзёбӣ намуданд, дар мувофиқа бо раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо фармоиши ректор аз 11 январи соли 2022 ҳамаи омӯзгорон ва кормандоне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд, аз пардохти маблағи истиқомат барои соли 2022 пурра озод гардиданд, — изҳор дошт муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) Саймаҳмуд Саидов зимни нишасти матбуотӣ, ки 2 феврали соли равон баргузор шуд.

Мавриди зикр аст, ки  дар хобгоҳи донишгоҳ ҳоло 60 оилаи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ истиқомат доранд ва маблағи моҳонаи иҷора 360 сомониро ташкил медиҳад.

Аз гузориши пешниҳоднамудаи муовини якуми ректор, ҳамчунин, маълум гардид, ки раванди таълим дар ДДТТ пурра дар асоси низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст ва он барои роҳандозии таҳсил аз рӯи 35 ихтисоси барномаи таҳсилотии зинаи бакалавриат, 11 ихтисоси барномаи таҳсилотии зинаи магистратура, ҳафт ихтисоси зинаи аспирантура, 19 ихтисоси зинаи доктор (PhD) аз рӯи ихтисос ва 20 барномаи такмили ихтисос ва курсҳои кӯтоҳмуддат иҷозатнома дорад.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 5046 нафарро ташкил  намуда, теъдоди духтарон ба 25,2 фоизи шумораи умумии донишҷӯён баробар аст.

Дар се -  чор соли охир нархномаи маб­лағи таҳсили донишҷӯён зиёд нашуда, ҳатто дар соли таҳсили 2022 — 2023 бо мақсади ҳавасманд­гардонии дов­талабон ва дастгирии молиявии онҳо маблағи таҳсил дар ихтисосҳои маркетинг, молшиносӣ ва муоинаи мол, омор, суғурта, саёҳат ва меҳмондорӣ,  технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ, сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо ба андозаи аз 24 то 30 фоиз кам карда шуд.

Яке аз омилҳои муҳимтарини беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати он мавҷуд будани заминаи моддӣ – техникии муосир мебошад, ки ба омода кардани мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд. Дар ДДТТ ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ заминаи моддию техникӣ, озмоишгоҳӣ ва илмию таҳқиқотии замонавӣ муҳайё буда, ҳафт бинои таълимӣ бо 142 синф­хонаи  дорои 4722 ҷойи нишаст, 12 синфхонаи компютерӣ, се озмоишгоҳи таълимӣ, синфхонаи лингафонӣ, 810 компютер, 102 проектор, 100 тахтаи электронӣ ва 86 ноутбуку 150 принтер муҷаҳҳаз мебошанд.

Фаъолияти илмӣ — тадқиқотӣ низ пурсамар буда, дар назди донишгоҳ ду Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ амал менамояд. Соли гузашта 22 омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя намуданд, ки аз ҷумла чор адади он  рисолаи докторӣ мебошад.

А. МУРОДОВ,

«Садои мардум»