Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 12 июли соли 2022 доир гардид, иброз дошт, ки дар ДМТ аз рӯи 124 ихтисос дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр ва аз рӯи 84 ихтисос дар зинаи таҳсилоти магистратура мутахассисон омода гардида, таҳсил дар гурӯҳҳои таълимӣ бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба талаботи банди 79 «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ аз нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021 — 2022 қабули имтиҳонҳои ниҳоӣ вобаста ба талаботи барномаҳои таълимии фан дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ ба роҳ монда шуд. Баъд аз ҷамъбасти сессияи имтиҳонӣ дараҷаи азхудкунӣ дар шакли шифоҳии қабули имтиҳонҳо ба 73,2 фоиз ва дар шакли тестии қабули имтиҳонҳо ба 68,2 фоиз баробар гардид
Таҳлил ва натиҷабарии сессияи имтиҳонии нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021 — 2022 нишон дод, ки қабули имтиҳонҳо ҳам аз ҷониби омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён дилгармии тоза дар қабули имтиҳонҳо ба вуҷуд овард ва иқдоми Вазорати маориф ва илм дар ин самт, яъне бо таносуби 60 фоиз ба 40 фоиз қабул намудани имтиҳонҳо хуш пазируфта шуд.
Барқарор намудан ва густариши ҳамкориҳои илмӣ, таҳсилотӣ ва фарҳангӣ бо макотиби олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти раёсати ДМТ маҳсуб меёбад. Айни ҳол дар донишгоҳ 272 шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси донишҷӯ, магистр, докторантони доктори фалсафа Ph.D ва шунавандаи озод ба таҳсил фаро гирифта шуда, донишгоҳ бо 321 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ созишномаю шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
- Дар доираи иқдомҳои иҷтимоии роҳбарияти давлат хобгоҳи №1 — уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Нахимови ноҳияи Синои пойтахт ҷойгир аст, баъди таъмири асосӣ барои 30 нафар омӯзгор ва корманди ҷавони донишгоҳ ҳамчун манзили истиқоматии хизматӣ супурда шуда, тасмим гирифтем, иқдомро минбаъд низ амалӣ намоем, — изҳор дошт ректори ДМТ ва дар идомаи нишаст ба саволҳои зиёди намояндагони воситаҳои ахбори омма посух гуфт.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»