Моҳи ноябри соли 2021 аз Испания ба Тоҷикистон 10 ҳазор бех ниҳоли зудрушдкунандаи павловния оварда, дар чор ноҳияи пилотии мамлакат шинонида шуд.
Соли якум, бинобар мувофиқ омадани иқлими кишвар, қади аксар ниҳолҳои шинондашуда аз чор метр баланд гардид. Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода 31-уми январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ҳоло теъдоди ниҳолҳои павловния ба 30 ҳазор бех расид. Вобаста ба парвариши ин дарахти аз ҳар ҷиҳат самаранок барномаи махсус таҳия мешавад. Барои тарғиби зиёд кардани он баргузории 10 машварати минтақавӣ дар назар аст. Дар нақша аст, ки тайи панҷ соли оянда майдони парвариши павловния дар мамлакат ба 1000 гектар расонида шавад. Ин дарахти муъҷизанок на танҳо манбаи тахтаи хушсифат ва баргаш ғизои чорвост, балки он асалдеҳ низ мебошад.
Абдуҷаббор Юсуфзода, инчунин гуфт, ки соли сипаришуда дар 1739,9 гектар корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор иҷро гардид. Дар Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ 14 ҳазору 921 килограмм тухмии дарахту буттаҳо ҷамъоварӣ шуд.
Соли 2022 дар 237,5 гектар тухми писта, 78 гектар бодоми талхдона, 95 гектар саксавул ва 39 гектар тухмии омехта кишт гардид.
- Соли гузашта дар ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариши зиёда аз 42 навъи ниҳолҳои дарахту буттаҳо ба миқдори 2 миллиону 283 ҳазор бех ба роҳ монда шуд, ки зиёда аз 1 миллиону 290 ҳазор бехи он барои шинонидан тайёр шуданд, — гуфт Абдуҷаббор Юсуфзода.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»