Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода сиюми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки дар мамлакат зина ба зина шакли рақамии гирифтани иҷозатнома барои гузаронидани маъракаҳо ҷорӣ хоҳад шуд. Таҷриба нишон дод, ки ин шакли бақайдгирӣ барои шаҳрвандон осонтар аст.
Дар шаш моҳи аввали соли 2024-ум 12230 рейд гузаронида шуд. Аз ин теъдод 4605 рейд ба вилояти Хатлон, 3566 — шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 2324 — шаҳри Душанбе, 1699 — вилояти Суғд ва 36 рейд ба ВМКБ рост меояд.
Мувофиқи маълумоти аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, дар нимсолаи аввали соли равон вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 885 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Аз ин теъдод вобаста ба 877 ҳолат ҷазо таъин гардида, 8 парванда қатъ шудааст.
Маблағи ҷаримаҳои аз ҷониби мақомоти судӣ таъингардида 6 миллиону 79 ҳазору 473 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 миллиону 156 ҳазору 799 сомонӣ рӯёнда шудааст.
Ин муддат дар миқёси ҷумҳурӣ 40 ҳазору 661 маърака барпо гашт, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3176 маърака кам мебошад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»