Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим зимни нишасти матбуотие, ки 27 июли соли ҷорӣ доир кард, аз воридшавии техникаи нав барои соҳаи коммуналии пойтахт иттилоъ дод. Маълум гардид, ки 16 мошини партовкашон ва 16 нақлиёт барои обкашониву обпошӣ ба ноҳияи Шоҳмансур ҷудо шудааст.
- Ин имкон медиҳад, ки фаъолияти идораҳои коммуналӣ боз ҳам беҳтар шавад, — иброз намуд раис.
Номбурда аз қарзи сокинон аз ҳисоби баровардани партовҳои маишӣ, ки қариб ним миллион сомониро ташкил мекунад, изҳори нигаронӣ кард.
Аз суханронии ӯ бармеояд, ки натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ назаррасанд. Чунончӣ, корхонаҳои саноатии ноҳия, бо дарназардошти сектори ғайридавлатӣ, ба маблағи 205 091 600 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 58094200 сомонӣ зиёд аст. Қисми даромади буҷет 100 фоиз иҷро шуд.
Муассисаҳои нақлиёти автомобилии ноҳия 3 041 000 тонна бор кашонданд, ки 149,3 фоизро ташкил менамояд. Нақшаи мусофиркашонӣ низ барзиёд иҷро гардид.
Раиси ноҳия нақши соҳибкоронро дар пешрафти ҷомеа махсус қайд карда, гуфт, ки дар давраи зикршуда 5266 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 146 нафар зиёд мебошанд.
Ба пешвози 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳолшинонию таъмиру таҷдиди роҳу хиёбонҳо ва иншоот бомаром идома дорад. Роҷеъ ба фаъолияти муассисаҳои хизматрасонӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, соҳаи маориф ва тартиботи ҷамъиятӣ низ ба рӯзноманигорон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»