Аз нишастҳои матбуотӣ

Ифтитоҳи 5 корхонаи нав дар соли 2024

№22 (4762) 16.02.2024

4Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соли 2023 иҷрои умумии даромадҳо 101,7 фоиз таъмин гардида, маблағи 1 миллиарду 150,6 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2022 ба маблағи 77,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Корхонаҳои саноатии ноҳия бо назардошти сектори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 641,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба соли 2022 ба маблағи 129,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 150 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад ва дар соли ҷорӣ ба истифода додани боз панҷ корхонаи дигар ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳисоботи мухтасари раиси ноҳия Билол Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ 14-уми феврал ин далелҳо зикр шуд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ноҳия 45838,8 метри мураббаъ роҳҳо асфалтпӯш карда шуд, ки ба 130,9 фоизи нақша баробар аст.

Иттилоъ гириф­тем, ки дар соли сипаригардида хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон» — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» фаъолона иштирок карда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои  мардум»