Аз нишастҳои матбуотӣ

Ифтитоҳи нахустин маркази клиникӣ ва илмӣ — таълимӣ

№29 (4612) 24.02.2023

ДОН ТИБ ИЧТИМ- Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар панҷ факултет: «Факултети тиббӣ-психологӣ», «Факултети иҷтимоӣ», «Факултети табобатӣ», «Факултети фармасевтӣ» ва «Факултети стоматология» мутахассис омода менамояд. Ин нуктаро ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Ибодзода Зарина Ҳабибулло зимни нишасти матбуотӣ, ки 15-уми феврали соли равон доир гардид, зикр намуд.

Ҳамчунин, маълум шуд, ки ҷиҳати пешбурди раванди таълиму тарбия дар сохтори донишкада 20 кафедра фаъолият дорад. Аз ин теъдод кафедраҳои анатомияи паталогӣ, беҳдошт ва экология, кафедраи микробиология, вирусология ва гистология соли 2022 таъсис дода шуданд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада 170 нафар буда, 105 (61,8 фоиз) нафари онҳо омӯзгорони асосӣ ва 65 (38,2 фоиз) нафар омӯзгорони ҳамкор мебошанд. Аз теъдоди умумӣ 51 кас дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишкада 1827 нафар буда, аз ин теъдод 773 нафарро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд. Теъдоди донишҷӯён нисбат ба соли 2021-ум 895 нафар ё 48,9 фоиз зиёд гардидааст.

Дар донишкада соли 2022 Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ кушода шуд, ки ин амал дар таҷрибаи сохтори тандурустии мамлакат аввалин буда, дар он шуъбаҳои эндоҷарроҳӣ ва эндоурологӣ, терапевтӣ, кардиологӣ, стоматологӣ, гинекологӣ, дармонгоҳӣ амал карда, беморон табобат мешаванд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»