Аз нишастҳои матбуотӣ

Икром Субҳонзода: «Омодаем, ки парвозҳои мунтазамро ба роҳ монем»

№22 (4284) 18.02.2021

Аэропорт- Соли 2020 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барқарорсозии парвозҳои мунтазами байналмилалии вобаста ба пандемияи COVID-19 мавқуфгардида бо маъмурияти авиатсионии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Амороти Муттаҳидаи Араб, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Украина гуфтушунидҳои мустақим ва маҷозиро баргузор кард. Омодаем, ки ҳар чӣ зудтар парвозҳои мунтазами байналмилалиро ба роҳ монем, — иброз намуд дар оғози нишасти матбуотӣ директори агентӣ Икром Субҳонзода.

Зикр гардид, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ бо 27 кишвари хориҷи дуру наздик созишнома ба имзо расонидааст.

Дар давраи мавриди назар бо мақсади бартараф намудани норасоиҳо ва тибқи тавсияи коршиносони Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ба 30 қоидаи умумии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Дар робита ба хурӯҷи бемории коронавирус парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ аз 20 марти соли 2020 муваққатан қатъ гардида, ин омил боиси коҳиш ёфтани нишондиҳандаҳои фаъолияти соҳа гардид. Барои мисол, соли гузашта дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ҳамагӣ ба 688,4 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд.

Дар нишаст роҳбарони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶДММ «Сомон Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» низ ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»