Раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат соли 2020 музди маоши кормандони донишкадаро аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишкада то 15 фоиз зиёд намуд. Илова бар ин, 63 воҳиди нави корӣ таъсис ёфт. Дар ин бора ректори донишкада Ҷило Гулназарзода дар нишасти матбуотие, ки 10 феврали соли 2021 баргузор гардид, иттилоъ дод.
Дар донишкада 387 корманд фаъолият менамоянд, ки 75 нафар устодони дорои дараҷаи илмӣ мебошанд.
Панҷ факултет — филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Аврупо, забонҳои Осиё ва 14 кафедра аз рӯи 31 ихтисос бо фарогирии 4973 донишҷӯ амал менамояд.
Қабули донишҷӯёни хориҷӣ низ қаноатбахш буда, аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба зинаи бакалавриат 379 нафар дохил гардиданд.
Яке аз дастовардҳои арзанда сафарбар намудани донишҷӯён ба хориҷи кишвар мебошад. Айни замон 7 донишҷӯ аз ҷумла, 2 нафар дар Донишгоҳи забонҳои Токиои Япония ва 5 нафар дар Донишгоҳи Кемёнги Кореяи Ҷанубӣ таҳсил доранд.
Маъмурияти донишкада ба пешрафти илм ва инноватсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Соли гузашта 12 конференсияи илмӣ – назариявӣ ва илмӣ – амалӣ, 23 семинар ва 16 суҳбати гирди миз доир шуд. Илова бар ин, профессорону омӯзгорон 15 монография, 290 мақолаи илмӣ, 21 дастури таълимӣ, 11 номгӯи китоби дарсӣ таҳия намуданд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»