Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода аз натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти кумита дар соли 2019 дар нишасти матбуотие, ки 12 феврали соли равон баргузор шуд, гузориш дод.
Зикр шуд, ки бо мақсади татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» соли 2019 як силсила корҳо амалӣ гардид. Вобаста ба таъмини баробарии занон ва мардон, васеъ намудани имконияти занон дар самти дастрасӣ ба хизмати давлатӣ бо иштироки намояндагони парлумони кишвар, вазорату идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳокимаи парламентӣ ва ҷамъиятӣ баргузор шуд. Илова бар ин, масъулин барои 30 зани дар захираи кадрӣ будаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курси омӯзиши аз рӯи барномаи «Менеҷменти нави давлатӣ» ва барои занони сарвар дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва тобеи ҷумҳурӣ курсҳои «Мактаби сарварӣ» гузарониданд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки кумита ҳамоҳангсози Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо ин мақсад дар 68 шаҳру ноҳия вохӯрӣ баргузор шуд. Ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила мутахассисони марказҳои машваратӣ-иттилоотии назди Раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила бо телефони боварӣ — 13-13 ҳамарӯза ба муроҷиаткунандагон, ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ маслиҳатҳои ҳуқукиву равонӣ медиҳанд.
Кумита дар мавзӯъҳои мухталиф, аз қабили «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ», «Хушунат ва оқибатҳои он», «Ҳуқуқи марду зан — баробар», «Нақши волидайн дар пешгирии хушунати оилаи ҷавон», ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон, танзими муносибатҳо дар оила, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии бемориҳои сироятӣ шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ чорабиниҳои гуногунмазмуни сиёсӣ, илмӣ-амалӣ, семинару тренингҳо, суҳбату вохӯриҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуд.
ВОРИС, «Садои мардум»